КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

 
16 майи соли 2022 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Валид Абдулраҳмон А. Ал Решайдан баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории байниидоравӣ ва гузаронидани чорабинӣ бахшида ба таҷлили 30 солагии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ табодули назар намуданд.