КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Ташрифи ҳайати КВД “Инпредсервис”-и Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

 

26 июли соли 2022 ба Корхонаи воҳиди давлатии «Дипсервис» ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия «Инпредсервис» таҳти роҳбарии директори генералӣ Позняк Андрей Константинович ташриф овард. Зимни сафар вохӯрии роҳбарони ду идораи ҳамшабеҳ баргузор гардида, дар доираи он ҷонибҳо ёддошти ҳамкории дуҷонибаро ба имзо расониданд.