КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии бо Директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором

 

22 августи соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) ҷаноби Ҷон Айлиевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро баррасӣ намуданд.