6 июни соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Мушовири Сафорати Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холид Абдулазиз ал Куварӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо ва ба имзо расонидани созишнома дар арафаи сафари Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ибрози назар намуданд.




