КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон

 

30 августи соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъини Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Аймират Гочмирадов баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатии ду кишвар ибрози назар намуданд.