КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо роҳбари Намояндагии Иттиҳодии Аврупо дар Тоҷикистон

 

27 сентябри соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо роҳбари Намояндагии Иттиҳодии Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раймундас Кароблис баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.