1 сентябри соли 2026 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Ирфон Аҳмад баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот Директори корхона Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба муносибати таъйинот ба ин вазифа табрик намуда, ба у дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиву муваффақият таманно намуд.




