15 сентябри соли 2026 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Александр Худолеев баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот Директори корхона Сафири Ҷумҳурии Беларусро ба муносибати таъйинот ба ин вазифа табрик намуда, ба у дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиву муваффақият таманно намуд.




