17 майи 2021 даври дувуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содик Имомӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин роҳбарӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Омодагӣ ва рағбати мутақобил ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид.
Зимни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2022 аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Украина Дмитрий Кулеба ба имзо расад.
Дар фарҷоми ройзаниҳо Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енинро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт.