7-8 декабри соли 2022 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши СММ-об оид ба обҳои зеризаминӣ иштирок доранд.
Дар рӯзи аввал, ифтитоҳи Ҳамоиш аз ҷониби раиси ниҳоди СММ-об Жилбер Унгбо сурат гирифта, сипас сухан ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Зимни суханронӣ С.Муҳриддин оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон марбут ба об, натиҷаҳои Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор”, ки моҳи июни соли равон дар доираи «Раванди оби Душанбе» баргузор гардид, ва рафти омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 маълумот манзур намуд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канории он беш аз 3700 намояндагони кишвару созмонҳои ҷаҳон, аз ҷумла зиёда аз 120 баромадкунандагони воломақом иштирок мекунанд.