КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Эълон оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ

 

КВД “Дипсервис” барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:

  • мутахассиси шуъбаи кадрҳо – 2
  • мутахассиси Раёсати хизматрасонӣ – 2
  • мутахассиси Раёсати бақайдгирӣ – 1

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳо:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси  дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор); ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забони хориҷӣ, кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ Word, Excel, Power Point ва ғ.

Хоҳишмандон метавонанд ба Шуъбаи кадрҳо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Ариза оид ба ишғоли ҷойи кории холӣ;
  2. Саволномаи (анкета) шакли муқарраршуда;
  3. Тарҷумаи ҳол;
  4. 2 дона расми ранга (3/4);
  5. Нусхаи шиноснома;
  6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  8. Маълумотномаи тиббии №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
  9. Эъломия оид ба андоз аз даромад;
  10. Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ (барои шахсоне, ки дар хизмати давлатӣ қарор доранд);
  11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
  12. Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;

Ҳуҷҷатҳо аз 2 августи соли 2023 то 20 августи соли 2023 қабул карда мешаванд.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 145

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 224-57-46; 224-06-20

Суроғаи электронӣ: info@tds.tj