КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохурӣ бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Александр Худолеев

 

15 сентябри соли 2026 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Александр Худолеев баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Директори корхона Сафири Ҷумҳурии Беларусро ба муносибати таъйинот ба ин вазифа табрик намуда, ба у дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиву муваффақият таманно намуд.