КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№539 аз 15.09.2008

 

Оид ба чораҳои хизматрасонӣ ва таъмини шароити муносиб барои фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади танзими муносибатҳои тарафайни молумулкӣ бо намояндагиҳои дипломатӣ, диганр намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи тарафайн, инчунин таъмини соҳибихтиёрӣ, манфиатҳои иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи моддаи 69 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м:

1. Қоидаҳои супоридани амволи ғайриманқул бо мақсади ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини кормандони намояндигиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манзили истиқоматӣ ҷорӣ карда шавад.

2. Муқарар карда шавад, ки ба даст овардани амволи ғайриманқул, иҷораи он бо мақсади ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои иҷора пешниҳод намудани манзилҳои истиқоматӣ ба кормандони онҳо, бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

3. Бегона кардани амволи ғайриманқули давлатӣ бо мақсади ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ба иҷора додани амволи ғайриманқули давлатӣ бо мақсади ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти ваколатдори идораи амволи давлатӣ бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Ба иҷора додани амволи ғайриманқули давлатӣ барои бо манзили истиқоматӣ таъмин намудани кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи тартиби муқараргардида бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

1. Амволи ғайриманқуле, ки моликияти шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ мебошад барои ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои таъмин намудани кормандони онҳо бо манзили истиқоматӣ танҳо баъд аз гирифтани розигии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд аз ҷониби соҳибмулкон супорида шаванд.

2. Тартиби дар Фармони мазкур муқараргардида ба давлатҳое, ки барои ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, инчунин таъмини кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манзили истиқоматӣ дар ҳудуди худ ва шароити мусоид фароҳам овардаанд, дахлдор намебошад.

3. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– дар мӯҳлати ду моҳ Қоидаҳои супоридани амволи ғайриманқул бо мақсади ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои таъмини кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манзили истиқоматӣ таҳия ва қабул намояд;

– оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Фармони мазкур пешниҳод (мазкур)намояд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон      

ш.Душанбе, 15 сентябри 2008 №539