5 январи 2022 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур раиси Ҳайати мушовара, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Маҳмадалӣ Раҷабиён, аъзоёни Ҳайати мушовара […]
Рубрика: Хабарҳо
Вохӯрии сафир бо Муовини вазири тандурустии Кувайт
28 декабри 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Вазири тандурустии Кувайт Бусайна ал-Музаф мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ аз ҷумла роҳандозии равобити мустақим байни муассисаҳои тандурустии ду кишвар ва мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 табодули афкор намуданд.
Гала консерт бахшида ба 30 содагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо
26 декабри 2021 КВД “Тоҷикдипсервис” дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар бинои Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” ба муносибати 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо барномаи консертиро баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарони як қатор вазорату идораҳо […]
Эълон оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ
корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ “Тоҷикдипсеовис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд: мутахассиси TИ Талаботи асосӣ барои номзадҳо ба вазифаи мутахассиси TИ Корҳои муқаррарӣ (навсозии нармафзор, мониторинги ҳолати системаҳо). Муайян ва ислоҳи хатогиҳои корбар ва нармафзор. Хизматрасонии таҷҳизоти идоравӣ (оргтехника); Қобилияти кор бо пойгоҳи додаҳо (ПД) […]
Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон
2 декабри 2021 дар ҳошияи Саммит ва Намоишгоҳи Будапешт-2021 оид ба рушди устувори сайёра мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Левенте Мадяр барпо гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Маҷористон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, […]
Мулоқоти Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон
18 ноябри 2021 дар Ашқобод мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Бердиниёз Мятиев баргузор гардид. Дар рафти мулоқот, ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарию фарӽангӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия
25 октябри 2021 дар ш.Анкара машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро муовини сардори Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷӣ Муҳаммадӣ Музаффар ва ҳайати Туркияро сардори Сарраёсати муносибатҳои дуҷонибаи сиёсии (Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Қафқоз) Вазорати корҳои хориҷӣ Ёнет Ҷан Тезел роҳбарӣ […]
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Беларус
21 октябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенкоро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот маросими супоридани нусхаҳои эътимоднома аз ҷониби Сафири Беларус ба Вазири корҳои хориҷӣ сурат гирифт. Ҳамсуҳбатон ҳамчунин доир ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону […]
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ
11-13 октябри 2021 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар кори ҷаласа масъулини вазорату идораҳо ва роҳбарияти намояндагиҳои дипломатии ду кишвар, сармоягузорон, инчунин субъектҳои бахши хусусии Тоҷикистон ва Туркия ҷиҳати баррасии доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла самтҳои […]
Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон
1 октябри соли 2021 вохӯрии Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Алимирзомин Аскеров баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаи сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистону баррасӣ намудаанд.