15 октябри 2020 мулоқоти маҷозии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб бино ба дархости ҷониби афғонистонӣ доир гардид. Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои гуногун ва раванди омодагӣ ба Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки қарор […]
Рубрика: Хабарҳо
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикоти ворид мегарданд. Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст: “Муҳтарам […]
Ройзаниҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия
8 октябри 2020 дар Москва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор шуданд. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко роҳбарӣ карданд. Дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои муҳимми […]
Барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сиерра-Леоне
2 октябри соли 2020 дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сиерра-Леоне баргузор гардид. Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Сиерра-Леоне дар СММ Алӣ Кабба имзо карданд.
Имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония
2 октябри 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшитаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт. Ҳангоми суҳбат инчунин ҳамкории ду кишвар дар соҳаи […]
Таҷлили Рӯзи кормандони хидмати дипломатӣ
30 сентябри соли 2020 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи кормандони хидмати дипломатӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар суханронии табрикӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии Тоҷикистони мустақил комилан ташаккул ёфт. Робитаву ҳамкориҳои дӯстона ва […]
Политические консультации между Таджикистаном и Узбекистаном на уровне министров иностранных дел
29 сентября 2020 года в городе Душанбе состоялись политические консультации между Республикой Таджикистан и Республикой Узбекистан. Делегации стран возглавили Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и Министр иностранных дел Узбекистана Абдулазиз Камилов. В соответствии с повесткой консультаций министры обсудили текущее состояние двустороннего политического взаимодействия и комплекс торгово-экономических и культурно-гуманитарных вопросов. Провели «сверку часов» по сотрудничеству […]
Изҳороти ВКХ Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ менамояд. Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст. Тоҷикистон аҳаммияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи […]
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбарони Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар Тоҷикистон
28 сентябри 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин собиқ Роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳидеки Танабе ва Роҳбари навтаъйини он ҷаноби Такасака Мунеоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония тавассути Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA), аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои кунунии муштарак роҷеъ […]
Вохурӣ бо Мудири кулли ташкилоти хайриявии “ас-Салом”
28 сентябри соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Мудири кулли ташкилоти хайриявии “ас-Салом”-и Давлати Кувайт доктор Набил Ҳамад ал-Авнро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Ҳукумати Давлати Кувайт ва ташкилоти хайриявии “ас-Салом” барои тақдим намудани чордаҳ адад воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба кишвари мо ҷиҳати мубориза бо бемории ҳамагири […]