КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Платформаи шарикии Тоҷикистон – САҲА

 

15 октябри 2020 сеюмин ҷаласаи Платформаи шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шакли маҷозӣ барпо гардид.

Дар чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати САҲА-ро иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА Туула Юрёла роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо фаъолияти САҲА-ро дар ҷумҳурӣ дар чорчӯби се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ баррасӣ карданд.

Зимни суханронии хеш Муовини вазири корҳои хориҷӣ иброз дошт, ки “Дар паҳнои САҲА чунин абзори ҳамкорӣ ва гуфтугӯ миёни кишвари мизбон ва Созмон бо иштироки доираи васеи коршиносон ва намояндагони вазорату идораҳои далхдор беназир арзёбӣ мегардад. Нишасти мазкур ба мо имкон медиҳад, ки бознигарии комили ҳамкориҳои дуҷонибаро тариқи коркарди лоиҳаҳои муштарак дар се ченаки Созмон таъмин намоем”.

Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА дар навбати худ аҳамияти Платформаи шарикии машваратиро ҳатто дар шароити душвори бемории ҳамагири COVID-19 ҷиҳати идомаи ҳамкории қавӣ ва амалӣ байни САҲА ва Тоҷикистон таъкид кард. Номбурда Дафтари САҲА-ро барои андешидани иқдомҳои фаврӣ дар мутобиқсозии фаъолияти худ ҷиҳати дастгирии Тоҷикистон ситоиш кард. Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли Созмон инчунин аз нақши Тоҷикистон дар густариши ҳамкориҳои қавии минтақавӣ ва таҳкими субот дар минтақа изҳори сипос кард. Номбурда аз ҷумла, фаъолияти Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршадро дар Душанбе қайд намуд.