24 сентябри соли 2020 Ҷаласаи маҷозии махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (МҲТЭ) баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳайси Раис иштирок ва суханронӣ кард. Вазири корҳои хориҷӣ дар рафти суханронӣ доир ба фаолияти дусолаи раёсати Тоҷикистон, авлавиятҳо ва дастовардҳо дар […]
Рубрика: Хабарҳо
Иштирок дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs)
23 сентябри соли 2020 Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) ширкат варзид. Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ пешбарии масъалаҳои марбут ба транзит ва нақлиёт, савдои байналмилалӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамгироии минтақавӣ, соддагардонии раванди савдо ва тағйироти иқлим дар давраи COVID-2019-ро ҳамчун […]
Ройзаниҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин
23 сентябри 2020 даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчен роҳбарӣ карданд. Дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи […]
Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Малайзия бо Раиси Палатаи поёнии парлумони Малайзия
22 сентябри соли 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо Раиси Палатаи поёнии парлумони Малайзия Девон Ракият ҷаноби Датук Азҳар Азизан Ҳорун мулоқот кард. Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои пурсамарро миёни Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девон Ракяти Малайзия баррасӣ намуда, аҳаммияти кӯшишҳои муштаракро барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун таъкид карданд. […]
Сафари Гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърихи 20 – 22 сентябри соли ҷорӣ барои баррасии масъалаҳои марбут ба қитъаи замин ва сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе Гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Субҳи рӯзи 21 сентябр вохӯрии ҳайат бо Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Қ. Усмонзода доир гардид, ки зимни […]
В Таджикистан с визитом прибыла делегация Олий Мажлиса Узбекистана
21-22 сентября 2020 года в Таджикистане с визитом находится делегация Сената и Законодательной палаты Олий Мажлиса Республики Узбекистан под руководством заместителя Председателя Законодательной палаты Олий Мажлиса Узбекистана У.Иноятова – руководителя группы по межпарламентскому сотрудничеству с Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан. Утром 21 сентября делегацию Олий Мажлиса Узбекистана принял Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики […]
Мулоқотҳои раисони вилоятҳои Тоҷикистон ва Афғонистон
17-18 сентябри 2020 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Фаёзов ва вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо раисони вилояти Бадахшон Муҳаммад Зикриё Савдо, вилояти Тахор Абдулҳақ Шафақ ва вилояти Қундузи Афғонистон Абдулсаттор Мирзаквал баргузор гардиданд. Дар нишастҳои мазкур масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар сатҳи вилоятҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баёнияи матбуотӣ аз натиҷаи мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон
17 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид. Ҳайатҳоро мутаносибан Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон Ҳаниф Атмар роҳбарӣ карданд. Баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, инчунин табодули […]
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) дар Тоҷикистон
15 сентябри соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) ҷаноби Алберто Корреа Мендесро бино бар поён ёфтани фаъолияташ ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ-2), таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани […]
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 5500 – солагии Саразм, шаҳри Панҷакент, 12 сентябри соли 2020
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс – Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад, ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – бисту нӯҳсолагии истиқлоли давлатӣ ва 5500 – солагии Саразм […]