КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Баргузории мусобиқаи мини-футбол барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ

 

6 сентябри соли 2023 мусобиқаи мини-футбол миёни дастаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корпуси дипломатӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ ба анҷом расида, дар он дастаи Вазорат ғолиб гардид. Ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюм дастаҳои Туркманистон ва Русия гардиданд. Беҳтарин бозигарон бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.

 
 
 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон

 

30 августи соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъини Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Аймират Гочмирадов баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатии ду кишвар ибрози назар намуданд. 

 
 

Оғози сохтмони бинои сафорат

 

24 августи соли 2023 дар арафаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҷараёни сохтмони маҷмааи биноҳои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Остона ҳусни оғоз бахшида шуд. Бояд қайд намуд, ки қаблан санги асоси бунёди Сафорат аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни […]

 
 

Вохӯрӣ бо роҳбари Дафтари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон

 

4 августи соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо бо роҳбари Дафтари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.

 
 

Эълон оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ

 

КВД “Дипсервис” барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд: мутахассиси шуъбаи кадрҳо – 2 мутахассиси Раёсати хизматрасонӣ – 2 мутахассиси Раёсати бақайдгирӣ – 1 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳо: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси  дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор); ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда […]

 
 

Вохӯрӣ бо Раиси ширкати кувайтии Al-Huqooq International Co.

 

28 июли соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Раиси ширкати кувайтии Al-Huqooq International Co. ҷаноби Ҳашим Маҷед баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ ва мусоидат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ибрози назар намуданд.

 
 

Вохӯрӣ бо роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  28 июли соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Адҳам Мусаллам баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва кишоварзӣ ибрози назар намуданд.

 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон

 

11 июли соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва маҷмуи хизматрасониҳои Корхона ибрози назар намуданд.

 
 

Вохӯрӣ бо Сардори Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 

7 июли соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сардори Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Эгамбердиев Ойбек Худоёрович баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва КВД “Дипсервис”-и назди Вазорати корҳои […]