26 апрели соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имай Сэйдзю баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.
Рубрика: Хабарҳо
Эълон!
Ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду амволи ғайриманқули хешро воқеъ дар шаҳри Душанбе кӯчаи Лутфӣ 31 ва Нарзиқулов 7 ба фуруш баровардааст. Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал ба телефонҳои 224-50-91 муроҷиат намоянд ва ҳамзамон метавонанд ҳуҷҷатҳои лозимаро барои харидорӣ намудани амволи ғайримақулӣ намояндагӣ ба суроғаи шаҳри […]
Вохӯрӣ бо Роҳбари маъмурияти Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
03 апрели соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари навтаъини маъмурияти Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Марк Картер баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҷараёни амалшавии нақшаҳои дуҷониба ва маҷмуи хизматрасониҳои корхонаро баҳогузори намуданд.
Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Туркия
21 феврали соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъини Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Умут Аҷар баргузор гардид. Дар рафти мулоқот Роҳбари корхона доир ба заминларзаи шадид, ҳамдардии хешро изҳор намуда, ба мардуми Туркия сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои комил орзу кард. Сафир […]
Сафар ба Туркия
2 феврали соли равон гурӯҳи кории тоҷикистонӣ, дар ҳайати Директори генералии КВД “Дипсервис”, намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар ш. Анқара ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия ташриф овард. Зимни мулоқот бо ҷониби туркӣ масъалаи ба анҷом расонидан барасмиятдарорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои моликияти дипломатии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.
Вохӯрӣ бо Сафири Федератсияи Россия
23 январи соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъини Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Григорев Семён Вячеславович баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва маҷмуи хизматрасониҳои корхона ибрози назар намуданд.
Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой
26 декабри соли 2022 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон –ҷаноби Тсзи Шумин баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Корхона ва Сафорат ибрози назар намуданд.
Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
19 декабри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ намуда, роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амният ва дар […]
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши СММ-об оид ба обҳои зеризаминӣ дар шаҳри Париж
7-8 декабри соли 2022 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши СММ-об оид ба обҳои зеризаминӣ иштирок доранд. Дар рӯзи аввал, ифтитоҳи Ҳамоиш […]
Таҷлили 30 солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ
15 ноябри соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии ифтитоҳии худ ҳозиринро ба муносибати ин ду санаи таърихӣ ва фархунда табрик гуфта, қайд намуд: “Барои мо мояи ифтихор […]