21 октябри соли 2022, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири Давлати Қатар Иброҳим ибни Муҳаммад ал Абдуллоҳро ба муносибати анҷоми рисолати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар рафти сӯҳбат тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ намуда, инчунин роҷеъ ба натиҷаҳои Конфронси амниятии Душанбе табодули назар карданд. Вазири корҳои хориҷӣ […]
Рубрика: Хабарҳо
Вохурӣ бо Ассотсиятсияи соҳибкорони ш. Санкт-Петербург
16 сентябри соли ҷорӣ дар доираи сафари намояндагони Палатаи савдои Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни КВД “Дипсервис” ва Ассотсиятсияи соҳибкорони ш. Санкт-Петербург созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар назар аст, ки баъд аз ба имзо расидани созишнома, намояндагии ин Ассотсиятсия дар ш. Душанбе фаъолияти хешро оғоз менамояд.
Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон
13 сентябри соли 2022 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Абдилдаев Эрлан Бекешович баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии бо Директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором
22 августи соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) ҷаноби Ҷон Айлиевро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро баррасӣ […]
Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон
1 августи соли 2022 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи тавофуқоти раҳбарони ду кишвар дар мулоқот дар рафти Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар […]
Ташрифи ҳайати КВД “Инпредсервис”-и Санкт-Петербурги Федератсияи Россия
26 июли соли 2022 ба Корхонаи воҳиди давлатии «Дипсервис» ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия «Инпредсервис» таҳти роҳбарии директори генералӣ Позняк Андрей Константинович ташриф овард. Зимни сафар вохӯрии роҳбарони ду идораи ҳамшабеҳ баргузор гардида, дар доираи он ҷонибҳо ёддошти ҳамкории дуҷонибаро ба имзо расониданд.
Иштирок дар Мубоҳисаи сатҳи баланд зери унвони “Лаҳзаи табиат”
19 июли соли 2022 дар қароргоҳи СММ бо ташаббуси Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттуҳид Абдулло Шоҳид Мубоҳисаи сатҳи баланд зери унвони “Лаҳзаи табиат” дар мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист аз таҳдидҳо ва чолишҳои имрӯза доир гардид. Дар Мубоҳисаи сатҳи баланд Раиси иҷлоси 76-уми МУ СММ А.Шоҳид, Дабири кулли СММ А. Гутерриш ва Раиси […]
Вохӯрӣ бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ
3 июли соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид Ал-Хурайҷӣ мулоқот намуд. Зимни мулоқот паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Олии Сауд супорида шуд. Инчунин, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои […]
Мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон
22 июни соли 2022 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имконияти зиёд намудани шумораи парвозҳо миёни ду кишвар табодули афкор намуданд.
Мулоқот бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо
30 майи соли 2022 мулоқоти Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Мэрилин Йосефсон баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор […]