КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Тартиби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 апрели 2014 №157

оид ба аккредитатсияи ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, инчунин аъзои оилаҳои онҳо дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

скачать файл (Word 21.5Kb)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур тибқи муқаррароти Конвентсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961, Конвентсияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963, Конвентсия оид ба имтиёзҳо ва масуниятҳои СММ аз 13 феврали соли 1946, санадҳои байналмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, Тартиби аккредитатсия ва судури кортҳои аккредитатсиониро аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо (минбаъд ҳайати намояндагӣ), аъзои оилаҳои онҳо, инчунин консулҳои фахрии кишварҳои хориҷӣ муайян менамояд.

2. Тибқи Тартиби мазкур ҳайати намояндагиҳо, аъзои оилаҳои онҳо, инчунин консулҳои фахрии кишварҳои хориҷӣ дар Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия мешаванд.

3. Ҳайати намояндагиҳо, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шахсони ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷдипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷӣ, дар асоси тартиби аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, ба қайд гирифта мешаванд.

4. Аккредитатсияи шахсони дигар, ки бо ҳайати намояндагиҳо якҷоя зиндагӣ мекунанд, инчунин судури кортҳои аккредитатсионӣ ба онҳо дар асоси усули муомила ба мисл бо кишвари таъйинкунанда/муаррифишаванда сурат мегирад.

5. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин мавриди истифода қарор гирифтаанд:

аккредитатсия – ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, инчунин консулҳои фахрии кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳаққи истифодабарӣ аз имтиёзҳо ва масуниятҳои муайяне, ки дар санадҳои байналмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда пешбинӣ гардидаанд.

ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ – роҳбари намояндагӣ, кормандони дипломатӣ, ҳайати маъмурӣ-техникӣ ва хидматрасонии намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ мувофиқи Конвентсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961.

ҳайати муассисаҳои консулӣ – роҳбари муассисаи консулӣ, шахси соҳибмансаби консулӣ, корманди консулӣ, ҳайати маъмурӣ-техникӣ ва хидматрасонии муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ мувофиқи Конвентсияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963.

ходими хусусӣ дар манзил – шахси иҷрокунандаи вазифаҳои хидматгор дар манзили корманди намояндагии кишвари хориҷӣ, ки корманди кишвари аккредитатсиякунанда намебошад.

ҳайати созмони байналмилалӣ – роҳбар ва кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва/ё намояндагиҳои онҳо, ки фаъолияти худро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда анҷом медиҳанд, инчунин аъзои оилаи онҳо.

аъзои оила – шавҳар/ҳамсар, фарзандони ноболиғ, фарзандони ба балоғат расида, ки то расидан ба синни 18-солагӣ маъйюб шудаанд, инчунин фарзандони болиғи то 23-сола, ки дар муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

II. ТАРТИБИ АККРЕДИТАТСИЯ ВА СУДУРИ КОРТҲОИ АККРЕДИТАТСИОНӢ

 6. Барои аккредитатсия дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагӣ зарур аст,  ки дар муддати ҳафт рӯзи корӣ пас аз ворид шудани ҳайати намояндагӣ (корманд) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

а) ёддошти расмӣ/нома бо дарҷи маълумот дар бораи ҳайати аккредитатсияшаванда (вазифаи ишғолнамуда, доираи уҳдадориҳо, муҳлати кории пешбинишуда, рутба (барои ҳайати дипломатӣ) ва инчунин маълумот дар бораи ба ҷойи кӣ таъйин шудани корманди аккредитатсияшаванда;

б) пурсишнома (анкета)-и навъи муқарраршуда дар ду нусха бо имзои шахси дархосткунанда ва бо муҳри намояндагӣ тайидгардида, бо ду адад сурати опии рангами андозаи 3х4 см. (замимаи №1);

в) сурати рангами андозаи 3х4 см. дар шакли электронии формати JPEG дар СD;

г) ду нусхаи шиноснома, раводид (агар чунин раводид барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад), қайдҳои шиноснома оид ба ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муҳри намояндагӣ тасдиқ шудаанд;

д) нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (барои ҳамсар);

е) нусхаи санади ҳуқуқии байналмилалие, ки дар он масуниятҳо ва имтиёзҳои барои кормандони созмонҳои байналмилалӣ муайяншуда пешбинӣ гардидаанд, ё нусхаи тавофуқномаи байналмилалии дахлдор оид ба шартҳои будубош ва фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ё) барои консулҳои фахрии кишварҳои хориҷӣ – нусхаи иҷозатномаи консулӣ (патент) ва ҳуҷҷати эътирофи консули фахрӣ аз ҷониби кишвари пазиранда (экзекватура).

7. Баррасии ҳуҷҷатҳои дар банди 6-и Тартиби мазкур дарҷгардида ва судури кортҳои аккредитатсионии навъи мувофиқ дар муддати то 15 рӯзи корӣ анҷом дода мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ин муҳлатро дар асоси усулҳои байналмилалии муомила ба мисл (усули мутақобила) муқаррар намояд.

8. Дар ҳолати нопурра пешниҳод намудани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, дархост барои аккредитатсия баррасӣ карда намешавад.

9. Аккредитатсияи аъзои оилаҳои ҳайати намояндагӣ аз рӯи тартиб ва ҳамон асосе, ки барои ҳайати намояндагӣ анҷом дода мешавад, сурат мегирад.

10. Муҳлати эътибори шиносномаи шахсони аккредитатсияшаванда бояд на камтар аз 6 моҳ то ба итмом расидани муҳлати эътибори корти акккредитатсионӣ бошад.

11. Муҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо дар бораи судури такрории корти аккредитатсионӣ дар ҳолати ба итмом расидани муҳлати эътибор, гум шудан ва ё дуздида шудани корт, баъд аз пешниҳод намудани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лозимӣ мутобиқ ба банди 7-и Тартиби мазкур амалӣ мегардад.

12. Тамдиди муҳлати кортҳои аккредитатсионӣ баъди бозпас супоридани кортҳои муҳлати эътиборашон ба итмомрасида, анҷом дода мешавад.

13. Корти аккредитатсионии ҳайати намояндагӣ, ки муҳлати фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтааст, инчунин корти муҳлати эътибораш ба итмомрасида, дар муддати 3 рӯзи корӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонида мешавад.

14. Ҳангоми баррасии ҳуҷҷатҳо ва судури кортҳои аккредитатсионӣ, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти усули мутақобила, аккредитатсияи на зиёда аз 3 нафар кормандони ҳайати намояндагии кишвари хориҷӣ, ба шумули роҳбари ҳайати намояндагӣ ва атташеи низомӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ надоранд (ғайримуқим), анҷом дода мешавад.

15. Бо назардошти усули мутақобила шумораи муайяни ҳайати  намояндагӣ, ки миқдори онҳо дар асоси тавофуқҳои дуҷониба/машваратҳо ё тафоҳумномаҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоди ваколатдори давлати таъйинкунанда/муаррифишаванда муайян гардидаанд, метавонанд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шаванд.

16. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аккредитатсияи ҳайати намояндагиро бе баён кардани сабаби он рад намояд.

III. НАВЪ ВА МУҲЛАТҲОИ КОРТҲОИ АККРЕДИТАТСИОНӢ

17. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарон ва ҳайати намояндагӣ тибқи вазифаҳои ишғолнамуда ва мувофиқ ба мақоми онҳо, ҳаҷми имтиёзҳо ва масуниятҳои барои онҳо муқарраргардида, ки дар санадҳои байналмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда муайян гардидаанд, инчунин ба аъзои оилаҳояшон корти аккредитатсионӣ медиҳад.

18. Кортҳои аккредитатсионӣ 5 навъ(категория) мебошанд:

«A»    (намуна ва тафсилоти техникӣ дар замимаи №2);

«D»    (намуна ва тафсилоти техникӣ дар замимаи №3);

«S»     (намуна ва тафсилоти техникӣ дар замимаи №4);

«HC»  (намуна ва тафсилоти техникӣ дар замимаи №5);

«O»    (намуна ва тафсилоти техникӣ дар замимаи №6).

19. Корти аккредитатсионии навъи «A» ба роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ/сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ ба муҳлати то 3 сол  дода мешавад.

20. Корти аккредитатсионии навъи «D» дар сурати доштани шиносномаи дипломатӣ ба зумраи шахсони зерин дода мешавад:

а) аъзои ҳайати дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ;

б) атташеҳои низомӣ, баҳрӣ ва ҳарбӣ-ҳавоӣ;

в) роҳбарон ва шахсони соҳибмансаби муассисаҳои консулӣ;

г)  роҳбарони созмонҳо/намояндагиҳои низоми СММ дар сурати доштани шиносномаи СММ (Laissez Passer);

д) роҳбарон ва кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва/ё намояндагиҳои онҳо, ки мақомашон ба шахсони дар зербанди «а»-и  банди мазкур ишорашуда баробар карда шудааст;

е) аъзои оилаҳои шахсони дар зербандҳои «а», «б», «в», «г», «д»-и банди мазкур ишорашуда.

Корти аккредитатсионии навъи «D»:

а) ба муҳлати то 3 сол ба шахсони дар зербандҳои «а», «б», «в» ишорашуда ва аъзои оилаи онҳо; ва

б) ба муҳлати то 2 сол ба шахсони дар зербандҳои «г», «д» ишорашуда ва аъзои оилаи онҳо дода мешавад.

21. Корти аккредитатсионии навъи «S» ба муҳлати дар пурсишнома ишорашуда, аммо на зиёда аз 2 сол ба зумраи шахсони зерин дода мешавад:

а) ҳайати маъмурӣ-техникии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, инчунин аъзои оилаҳои онҳо дар ҳолати доштани шиносномаи дипломатӣ ё хидматӣ (ба он баробаркардашуда);

б) кормандони аслии созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои он, ки аз рӯи мақом ба шахсони дар зербанди «а»-и банди мазкур ишорагардида баробар карда шудаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо;

в) кормандони доимии муассисаҳои низоми СММ дар сурати доштани шиносномаи СММ (Laissez Passer), инчунин аъзои оилаҳои онҳо.

22. Корти аккредитатсионии навъи «HC» ба муҳлати на зиёда аз 2 сол ба консулҳои фахрии кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси усули мутақобила бо кишварҳои муаррифшаванда дода мешавад. Ба аъзои оилаҳои консулҳои фахрӣ корти аккредитатсионӣ дода намешавад.

23. Корти аккредитатсионии навъи «О» ба муҳлати на зиёда аз 1 сол ба зумраи шахсони зерин дода мешавад:

а) аъзои ҳайати маъмурӣ-техникӣ ва ҳайати хидматрасонии намояндагӣ, инчунин аъзои оилаҳои онҳо, дар сурате ки ба шахсони дар зербанди «а»-и банди 21 ин Тартиб ишорашуда таалуқ надошта бошанд;

б) кормандони аслии созмонҳои байналмилалӣ, дар сурате ки ба шахсони дар  зербанди «б»-и банди 21 ин Тартиб ишорашуда тааллуқ надошта бошанд;

в) ходимони хусусӣ дар манзил, ки хидматрасонии роҳбарон ва аъзои ҳайати намояндагиро анҷом медиҳанд.

24. Дар сурате, ки намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, атташеҳои низомӣ баҳрӣ ва ҳарбӣ-ҳавоии кишварҳои хориҷӣ уҳдадориҳои хидматии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иқомати доимӣ доштан дар кишвари дигар анҷом медиҳанд, кортҳои аккредитатсионии навъҳои «А» ва «D» ба роҳбар ва аъзои ҳайати дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, атташеҳои низомӣ, баҳрӣ ва ҳарбӣ-ҳавоӣ, инчунин аъзои оилаҳои онҳо бо тартиби муқарраргадида ва дар асосҳои дар ин Тартиб ба онҳо ишорашуда, дода мешаванд.

IV. ИМТИЁЗҲО ВА МАСУНИЯТҲО

25. Шахсони зерин аз истифодаи масуниятҳо ва имтиёзҳое, ки дар санадҳои байналмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда пешбинӣ шудаанд, қабл аз аккредитатсияи онҳо дар Вазорати корҳои хориҷӣ бархӯрдор мебошанд:

а) сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ – аз лаҳзаи убури сарҳад ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) кордорон – аз лаҳзаи ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани номаи роҳбари Вазорати корҳои хориҷии кишвари таъйинкунанда оид ба таъйини кордор;

в) роҳбарони муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ – аз лаҳзаи ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани иҷозатнома (патент).

26. Соҳибони кортҳои аккредитатсионии навъҳои «А» ва «D» шахсони дар  зербандҳои «а», «б», «г», «д»-и банди 20 Тартиби мазкур ишорашуда ва аъзои оилаи онҳо аз имтиёзҳо ва масуниятҳои дар моддаҳои 29-36 Конвентсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида пешбинӣ шудаанд, бархӯрдор мебошанд, инчунин шахсони дар зербанди «в»-и банди 20 Тартиби мазкур ишорашуда ва аъзои оилаи онҳо  аз имтиёзҳо ва масуниятҳои дар моддаҳои 40, 41, 43, 44, 46-52-и Конвентсияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели 1963 пешбинишуда мутаносибан бархӯрдор мебошанд.

27. Соҳибони кортҳои аккредитатсионии навъи «S», ки дар зербандҳои «а»  ва «б»-и банди 21 дарҷ гардидаанд, аз имтиёзҳо ва масуниятҳои дар банди 2 моддаи 37 Конвентсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 пешбинишуда бархӯрдор мебошанд ва шахсони дар зербанди «в»-и банди 21 дарҷгардида аз имтиёзҳо ва масуниятҳои барои ин қабил шахсон дар Конвентсия дар бораи имтиёзҳо ва масуниятҳои Созмони Милали Муттаҳид аз 13 феврали соли 1946 ва Конвентсия дар бораи имтиёзҳо ва масуниятҳо барои муассисаҳои тахассусии СММ аз 21 ноябри соли 1947 муқарраргардида,  бархӯрдор мебошанд.

28. Соҳибони кортҳои аккредитатсионии навъи «HC», ки дар банди 22 дарҷ гардидаанд, аз имтиёзҳо ва масуниятҳои дар банди 2-и моддаи 58 Конветсияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963 пешбинишуда, бархӯрдор мебошанд. Имтиёзҳо ва масуниятҳои зикршуда онҳоро аз масъулияти амалҳое, ки берун аз доираи уҳдадориҳояшон содир мекунанд, озод намекунад ва онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амалҳо ҷавобгӯ мебошанд.

29. Соҳибони кортҳои аккредитатсионии навъи «O» аз имтиёзҳои дар асоси тавофуқномаҳои баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, бархӯрдор мебошанд.

    V. УҲДАДОРИҲОИ НАМОЯНДАГӢ ВА СОҲИБОНИ КОРТҲОИ АККРЕДИТАТСИОНӢ

30. Намояндагиҳо ҳар сол ду маротиба (моҳи декабр ва моҳи июн) ба Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати кормандони намояндагӣ, аз ҷумла рӯйхати шахсонро аз ҷумлаи шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки дар намояндагиҳо фаъолият мекунанд, ирсол менамоянд (тибқи замимаи №7).

31. Намояндагиҳо уҳдадоранд маълумоти зеринро ба таври фаврӣ ба Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд:

а) маълумот оид ба тағйирот дар ҳайати кормандон, таъйинот ва расидани онҳо, ба итмом расидани муҳлати фаъолият ва бозгашти ниҳоӣ;

б)  маълумот оид ба тағйири маҳалли зисти корманди аккредитатсияшуда;

в) маълумот оид ба тағйири рақамҳои телефони хидматӣ ва манзилии намояндагӣ, кормандон ва роҳбарони онҳо;

г) маълумот оид ба расидан ба кишвар, бозгашти ниҳоии аъзои оилаҳо ва ходимони хусусӣ дар манзили кормандони худ;

д) маълумот оид ба қатъи робитаҳои хешутабории шахсоне, ки қаблан ба сифати аъзои оилаи корманд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шуда буданд;

е) маълумот оид ба гум шудани корти аккредитатсионӣ бо замимаи тасдиқи хаттии муроҷиати корманд ба ниҳодҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гум кардани корт.

32. Соҳиби корти аккредитатсионӣ новобаста аз мақом дар кишвари иқомат уҳдадор аст:

а)  қонун ва қоидаҳои кишвари иқоматро эҳтиром намояд;

б)  ба корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат накунад;

в) бинои намояндагӣ, манзили истиқоматӣ ва нақлиётро танҳо бо мақсадҳои ба фаъолиятҳои намояндагӣ муносиб истифода намояд;

г) фарҳанг, анъана, урфу одат ва тарзи зиндагии халқҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд эҳтиром намуда, нисбат ба ягон миллат ва эътиқоди мазҳабӣ таҳаммулнопазирӣ зоҳир накунад;

д) корти аккредитатсионии содиршударо эҳтиёткорона истифода намояд;

е) дар сурати ба таври ниҳоӣ тарк намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё сабукдӯш шудан аз вазифа, новобаста аз муҳлати эътибор корти аккредитатсиониро ба Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонад.