21 августи 2020 ройзаниҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Сиздиков дар сиғаи видеконфронс баргузор гардид. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ намуда, перомуни […]
Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон
20 августи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди сулҳ дар ин кишвар ва масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намуданд.
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Арабистони Саудӣ
17 августи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуда, ба зарурати тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки […]
Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон
16 августи 2020 дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 221 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд.
О вывозных чартерных рейсах из Российской Федерации
Министерство иностранных дел доводит до сведения соотечественников, что Республиканским штабом по усилению противоэпидемических мер по предотвращению распространения COVID-19 принято решение о совершении в период с 16 по 31 августа 2020 года 55 дополнительных чартерных рейсов из России в Таджикистан. Чартерные рейсы будут выполнены отечественными авиакомпаниями «Таджик Эйр» и «Сомон Эйр» из российских городов Москва, Санкт-Петербург, […]
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Русия
13 августи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденкоро, ки дар Душанбе бо ҳайати ҳукуматии Русия қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарокати Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина рушди пойдори ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, […]
Дидори Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Афғонистон
12 августи 2020 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуда, перомуни раванди сулҳи Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.
Видеоконфронси вижаи вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония”
11 августи 2020 бо ташаббуси Япония видеоконфронси вижаи вазирони корҳои хориҷии сиғаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Япония” баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19, барқарорсозии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд. Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон […]
Суҳбати телефонӣ бо Сафири Австрия
10 августи соли 2020 суҳбати телефонии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Нур-Султон Герҳард Сайллер бино бар поён ёфтани маъмурияти дипломатиаш барпо гардид. Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба ҷаноби Сайллер барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба миннатдорӣ баён намуд. Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо […]
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Фаронса
4 августи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, аҳаммияти баргузории чорабиниҳои муштараки банақшагирифташуда пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари ҳамагирӣ таъкид гардид. Вазири корҳои хориҷӣ ба […]