КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Дар Душанбе «Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ» баргузор гардид

 

Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии кишвар 20 сентябри соли 2019 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев «Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ» баргузор гардид.

Дар Фестивали байналмилалӣ дастаҳои ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи санъаткорону ҳунармандони як ќатор кишварҳои хориҷӣ рақсу суруди миллии хешро пешкаши иштирокчиён намуданд.

Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, кормандони вазорату идораҳо, инчунин сокинони пойтахт ва меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивал – ошно намудани меҳмонони дохилию хориҷӣ бо фарњангу маданияти миллии кишварњо ва вусъати муносибатҳои дўстона миёни кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, инчунин ривоҷу равнақ бахшидан ба ҳамкориҳои судманд миёни давлатҳои дусту бародар мебошад.

Бояд зикр намуд, ки чорабинии фарҳангӣ дар фазои дустона бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз барномаи консертӣ илҳоми тоза ва таассуроти хотирмон бардоштанд.