КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср

 

26 октябри 2020 дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср дар умури кишварҳои Осиё Ториқ Ал-Васимӣ мулоқот намуд.

Дипломати тоҷик дуруди роҳбарияти Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии кишварро ба ҷониби Миср расонида, омодагӣ ва рағбати ҷониби моро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо кишвари дӯсти Миср таъкид намуд.

Дар вохӯрӣ ҷанбаҳо ва имконоти тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Ҷониби мисрӣ низ алоқамандии худро ба густариши робитаҳо ва ҳамкорӣ таъкид намуд.