КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Япония

 

11 марти 2021 даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония  оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Токуда Шуичӣ роҳбарӣ карданд.

Дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Японияро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар тамоми арсаҳо пайваста ва ҳадафмандона густариш меёбанд. Дар ин замина аҳаммияти лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мегарданд, таъкид гардид.

Тарафҳо ба зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Япония” таъкид намуда, таҳкими ҳамкориҳоро дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба зарур шумориданд. Ҷонибҳо бо ишора ба аҳаммияти идомаи раванди сулҳ дар Афғонистон ба зарурати мусоидати ҷомеаи байналмилалӣ ба ин кишвар таъкид карданд.        

Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид.