КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрии дуҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон

 

31 марти 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии  дуҷониба байни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, рағбати худро бобати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои тавсеа ва таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Дар вохӯрӣ роҷеъ ба татбиқи тавофуқоти дар чаҳорчӯби сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар форматҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар ин росто, ҷонибҳо ба аҳаммияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва мудофиа таъкид карданд.

Ҷонибҳо дар мавриди мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ-терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ омодагии худро изҳор карданд.

Зимнан таъкид гардид, ки баргузории Нуҳумин Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки 30 марти 2021 дар Душанбе баргузор гардид, ҷиҳати пешбурди раванди сулҳ, ҳалли қазияи Афғонистон ва тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои ширкаткунандаи Раванд мусоидат хоҳад кард.

Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.