КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрии Сафир бо Раиси вилояти Искандарияи Миср

 

28 июни 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Раиси вилояти Искандарияи Миср Муҳаммад Аш-Шариф мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ба хусус бо вилоят ва шаҳри Искандария, баррасӣ шуд. Аз ҷумла пешниҳод дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дӯстӣ ва бародаршаҳрӣ миёни яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон ва Искандарияи Миср матраҳ гардид.