КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Эълон оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ

 

корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ “Тоҷикдипсеовис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:

  • мутахассиси TИ
  • Талаботи асосӣ барои номзадҳо ба вазифаи мутахассиси TИ
  • Корҳои муқаррарӣ (навсозии нармафзор, мониторинги ҳолати системаҳо).
  • Муайян ва ислоҳи хатогиҳои корбар ва нармафзор.
  • Хизматрасонии таҷҳизоти идоравӣ (оргтехника);
  • Қобилияти кор бо пойгоҳи додаҳо (ПД) дастгирӣ карда мешавад:
  • – маъмурикунонии СИПД Oracle;
  • – маъмурикунонии серверҳои барномаҳои Oracle;
  • – бойгоникунонӣ ва нусхабардории захиравии маълумот;
  • – оптимизатсияи маҳсулнокӣ ва банақшагирии пойгоҳи додаҳо;
  • – ҷорӣ намудани версияҳои нави пойгоҳҳои маълумот ва тартиби дахлдор.
  • Талабот нисбат ба донистани забонoнҳо: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Хоҳишмандон метавонанд ба Шуъбаи кадрҳо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи Директори генералии КВД«Тоҷикдипсервис»;
  2. Саволномаи (анкета) шакли муқарраршуда;
  3. Тарҷумаи ҳол;
  4. 2 дона расми ранга (3/4);
  5. Нусхаи шиносномаи ;
  6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  8. Маълумотномаи тиббии №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
  9. Эъломия оид ба андоз аз даромад;
  10. Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ (барои шахсоне, ки дар хизмати давлатӣ қарор доранд);
  11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
  12. Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;

Ҳуҷҷатҳо аз 06 декабри соли 2021 то 24 декабри  соли 2021 қабул карда мешаванд.

Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 145

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 224-57-46; 224-06-20

Суроғаи электронӣ: info@tds.tj