КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо муовинони Раиси Шӯрои Федератсия

 

21 феврали соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовинони Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Константин Косачев ва Николай Журавлёв баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти муносибатҳои байнипарламентиро, ки тибқи анъана дӯстона буда, дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар густариш меёбанд, қайд карданд. Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла  иқтисоду савдо, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Мусоҳибон масоили омодагӣ ба баргузории сафари расмии дарпешистодаи  Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенкоро  ба Душанбе, ки рӯзҳои 24-25 феврали соли ҷорӣ дар назар аст, баррасӣ намуданд. Изҳори боварӣ шуд, ки ин сафар ба таҳкими муносибатҳои ду кишвар дар тамоми самтҳои муҳими ҳамкорӣ такони нав хоҳад бахшид.