КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

 

3 июли соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид Ал-Хурайҷӣ мулоқот намуд.

Зимни мулоқот паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Олии Сауд супорида шуд.

Инчунин, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин росто, баргузории даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар давоми соли 2022 муҳим арзёбӣ гардид.