КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар Конфронси ҳамкориҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар чаҳорчӯби “Камарбанд ва роҳ”

 

23 июни 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар чаҳорчӯби “Камарбанд ва роҳ” таҳти унвони “Мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва барқарорсозии рушди иқтисодӣ” иштирок ва суханронӣ намуд. Вазири корҳои хориҷӣ зикр кард, ки барқарорсозии иқтисодӣ пас аз ҳамагирии Ковид-19, ташвиқи тиҷорати хурду […]

 
 

Вохӯрӣ бо Муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия

 

15 июни 2021 дар Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Нодир Алпаслон баргузор гардид. Ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи гардишгарӣ, эҷодӣ зерсохтори сайёҳӣ, табодули таҷриба байни коршиносон, танзими чорабиниҳои муштарак, иштирок дар намоишгоҳҳои соҳавии […]

 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Эстония

 

9 июни 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) Ҳейти Мяэмеэсро ба муносибати ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ изҳори […]

 
 

Боздиди намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвар аз осорхонаи “Пешвои миллат”

 

Дар арафаи ҷашнгирии сисолагии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи КВД “Тоҷикдипсервис” барои намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвар боздид аз осорхонаи Пешвои миллат ташкил карда шуд. Зимни боздид сафирони муқими кишвар тасаввуроти хешро аз ташаккулёбии давлатдории тоҷикон дар даврони истиқлолият, таъриху тамаддун ва фарханги миллати тоҷик ғанӣ намуда, таассуроти худро баён кардаанд.

 
 

Вохӯрӣ бо Роҳбари Дафтари барномаи САҲА дар Душанбе

 

27 майи соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Дафтари барномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе – Валериу Кивер баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар намуданд.

 
 

Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун

 

26 майи 2021 нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро муовини сардори Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Муҳаммадӣ  ва  Сардори Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Урдун доктор Молик ат-Тавол роҳбарӣ намуданд. Дар […]

 
 

Вохӯрӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

 

25 майи 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ  дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ  Ид Ас-Сақафӣ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба даври якуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, ки баргузории он 26 майи соли ҷорӣ дар шакли маҷозӣ дар […]

 
 

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Душанбе

 

19 майи 2021 дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин барпо шуд, Вазири корҳои хориҷии Арманистон А.Айвазян, Вазири корҳои хориҷии Беларус В.Макей, Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон М.Тлеубердӣ, Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Р.Казакбаев, Вазири корҳои хориҷии Русия […]

 
 

Музокироти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Русия

 

19 майи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, музокирот намуд. Вазирони корҳои хориҷӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра, инчунин ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба баррасӣ […]

 
 

Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Украина

 

17 майи 2021 даври дувуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содик Имомӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин роҳбарӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба […]