21 феврали 2021 дар Ҷидда вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Амири минтақаи Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ шоҳзода Холид Ал-Файсал ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба тавсеаи бештари ҳамкориҳои судманд […]
Рубрика: Хабарҳо
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон
18 феврали 2021 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комилов Абдулазиз, ки бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, сурат гирифт. Вазирони корҳои хориҷӣ маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Ӯзбекистонро муфассал баррасӣ намуда, оид ба мушорикати ду кишвар дар чаҳорчӯби […]
Супоридани нусхаҳои эътимодномаҳо
17 феврали 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини се давлати хориҷиро қабул кард. Нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Маҷористон Михай Галошфаи, Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович ва Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна супориданд. Дар мулоқотҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он се кишвар мавриди […]
Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон
17 феврали соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон – Гасан Дилсуз оглу Мамедзаде баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои ҷорӣ табодули назар намуданд.
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” бо иҷрокунандаи вазифаи Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон
16 феврали 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” Хайруллоев Абдулло бо и. в. Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон – Марико Кавабата баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба хизматрасониҳои Корхона, масъалаҳои ҷорӣ ва имкониятҳои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои муштарак байни Корхона ва Барнома табодули назар намуданд.
Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Гурҷистон
15 феврали 2021 якумин ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар шакли маҷозӣ баргузор гардиданд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Александр Хвтисиашвилӣ роҳбарӣ намуданд. Роҳбарони ҳайатҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, […]
Мулоқот бо Вазири муҳити зист, об ва кишоварзӣ
15 феврали 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фадлӣ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба бахши агросаноатии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Дар ин замина, роҳандозии ҳамкории […]
Вохӯрӣ бо Сафири Муғулистон
15 феврали 2021 дар Душанбе мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Муғулистон дар Тоҷикистон Лувсан Баттулга (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) баргузор шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва гидроэнергетика, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ […]
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” бо Роҳбари Филиали Ташкилоти Кӯмаки Мардуми Норвегия дар Тоҷикистон
12 феврали 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Ташкилоти Кӯмаки Мардуми Норвегия дар Тоҷикистон Мелисса Андерсон баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои фаъолият ва маҷмӯи хизматрасониҳои Корхона табодули андеша намуданд.
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” бо Роҳбари Агентии Туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон
12 феврали 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Агентии Туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон Иброҳим Эрбир баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои фаъолият ва имкониятҳои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои муштарак байни Корхона ва Агентӣ табодули назар намуданд.