КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Ҷаласаи якуми ШҲМ СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон

 

Аз 26 то 29 январи 2021 дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Ҳайатҳои иштироккунанда масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви (ШСД) СҲШ (16-17 сентябри 2021)-ро муфассал баррасӣ карда, дар бораи лоиҳаҳои Рӯзнома ва Номгӯи санадҳои дар рафти ШСД СҲШ қабулшаванда […]

 
 

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири зерсохтори Украина

 

28 январи соли 2021 дар Киев мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири зерсохтори Украина Владислав Криклий баргузор гардид. Зимни суҳбат вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи нақлиёт, ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва молу маҳсулот, истифодаи иқтидори транзитии ду кишвар, иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии […]

 
 

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири маориф ва илми Украина

 

26 январи 2021 дар Киев вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет баргузор гардид. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи илму маориф ва роҳҳои густариши он, инчунин иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба […]

 
 
 
 

​​​​Мулоқоти Сафир бо кафили Вазорати фарҳанги Озарбойҷон

 

5 ноябри 2020 дар Боку мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ бо кафили Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Анар Каримов баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ байни ду кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон, ташкили сафарҳои ҳунарӣ, ба намоиш гузоштани балет ва барномаҳои консертии муштарак бо иштироки ҳунармандони ду кишвар, инчунин […]

 
 

Мулоқоти Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср

 

26 октябри 2020 дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср дар умури кишварҳои Осиё Ториқ Ал-Васимӣ мулоқот намуд. Дипломати тоҷик дуруди роҳбарияти Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии кишварро ба ҷониби Миср расонида, омодагӣ ва рағбати ҷониби моро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо кишвари дӯсти Миср таъкид […]

 
 

Мулоқоти Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

 

26 октябри 2020 дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Каримӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдураҳмон ал-Рассӣ баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвари дӯст дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд

 
 

Вохӯрии Сафир бо Прокурори генералии Озарбойҷон

 

22 октябри 2020 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Комрон Алиев баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои амалии ҳамкории дуҷонибаи ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар мавриди парвандаҳои ҷиноӣ, истирдод, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкории ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 
 

Дидори Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Япония

 

22 октябри 2020 мулоқоти Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор […]

 
 

Муовини вазир нусхаи эътимодномаи Сафири Фаронсаро пазируфт

 

16 октябри 2020 дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба […]