КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Шӯъбаи ҳуқуқ

Мақсади Шуъбаи ҳуқуқ таъмини риояи қонуният дар фаъолияти КВД “Дипсервис” ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он, ба амал баровардани сиёсати ҳуқуқии КВД “Дипсервис”, таъмини мувофиқати санадҳои меъёрии дохилаи КВД “Дипсервис” ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани хулосаҳо, додани тавзеҳот  аз рўи масъалаҳои ҳуқуқие, ки дар фаъолияти КВД “Дипсервис” ба миён меоянд ва ғайраҳо мебошанд.

  • Пешбурди назорат ҷиҳати аз тарафи воҳидҳои сохтории КВД “Дипсервис” риоя намудани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии дохилии КВД “Дипсервис”.
  • Роҳбарии методии корҳои ҳуқуқӣ дар КВД “Дипсервис”, додани тавзеҳоти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби татбиқи он, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба воҳидҳои сохторӣ вобаста ба баррасии иддао ва даъвоҳо, омода ва ирсол намудани маводи зарурӣ ба мақомоти судӣ ва дигар макомот.
  • Омода кардани хулосаҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки дар фаъолияти КВД “Дипсервис” ба вуқўъ меоянд ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрие, ки ба КВД “Дипсервис” барои додани хулоса ворид шудаанд.
  • Намояндагӣ кардани манфиатҳои КВД “Дипсервис” дар суд, инчунин дар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ҳангоми баррасии масъалаҳои ҳуқуқӣ;
  • Пешбурди корҳо вобаста ба баррасии иддаоҳо ва аризаҳо.
  • Ба амал баровардани қабули шаҳрвандон тибқи тартибе, ки дар КВД “Дипсервис” муқаррар карда шудааст
  • Иштирок дар коркард ва ба амал барории чорабиниҳо оид ба пурзўркунии интизоми  шартномавӣ, молиявӣ ва меҳнатӣ, таъмини нигоҳдории молу мулки КВД “Дипсервис”.
  • Назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои амрдиҳии Вазорати корхои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти КВД “Дипсервис”, ки фаъолияти Шўъбаи ҳуқуқ, аз он ҷумла назорати мўҳлати иҷрои онҳоро таъмин месозад.
  • Омўзиш ва баҳогузории хислатҳои шахсии кормандони Шўъбаи ҳуқуқ дар ҷараёни фаъолияти меҳнатиашон бо мақсади сари вақт ошкор намудани ниёз ва имконияти омўзонидан ва такмили тахассуси онҳо.
  • Омода кардани ҳисобот дар бораи кори Шўъбаи ҳуқуқ, тартиб додани ҳисоботҳои дигар, маълумотномаҳо, ахборот аз рўи натиҷаҳои назорати иҷроиши фармону, амрҳо, қарорҳою супоришҳои роҳбарияти КВД “Дипсервис”.