КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Раёсати хизматрасонӣ

Сардори Раёсати хизматрасонӣ – Зайнидинов Хуршед (тел.: 224-50-91)

Мутобиқи Фармони Президенти ҶТ №539 аз 15.09.2008 ва Қарори Ҳукумати ҶТ №121 аз 27.02.2009

ВКХ ҶТ дар асоси муроҷиати намояндагиҳо эҳтиёҷоти онҳоро ба амволи ғайриманқул ба ҳисоб мегидар ва КВД “Дипсервис”-ро ӯҳдадор мекунад, ки аз ном ва бо супориши ВКХ ҶТ муроҷиати мазкурро баррасӣ намояд. Шартномаҳои вобаста ба амволи ғайриманқул оид ба ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои консулӣ, таълимӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар ҶТ, инчунин таъмини кормандони онҳо бо манзили истиқоматӣ дар КВД “Дипсервис” ба қайд гирифта мешавад.

Шӯъбаи амволи ғайриманқул:

  • Хизматрасониҳои машваратӣ дар соҳаи амволи ғайриманқул;
  • Интихоби бино барои ҷойгиркунии намояндагиҳои хориҷӣ ва созмонҳои ба онҳо ҳамрадиф;
  • Интихоби қитъаи замин барои ҷойгиркунии объектҳои амволи ғайриманқул;
  • Мувофиқати суолҳо оиди ҷойгиршавии сафоратхонаҳо ва қароргоҳҳои роҳбарони ҳайатҳои дипломатии дар Тоҷикистон бақайд гирифташуда;
  • Ба даст овардани объектҳои амволи ғайриманқул (бино ва иншоот) барои ҳайатҳои дипломатӣ ва созмонҳои ба онҳо ҳомрадиф;
  • Омода ва ба расмиятдарории шартномаҳои хариду-фурӯш, иҷора дар ҳама намуди амволи ғайриманқул;
  • Бақайдгирии давлатии биноҳо дар идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Иҷораи ҳуҷраҳо ва иншоотҳо барои дафтар (намояндагӣ, корхона);
  • Пешниҳоди шарту шароити ҳуқуқию ташхисӣ, алоқаманд ба амволи ғайриманқул;
  • Интихоби иншоотҳои истиқоматию ғайриистиқоматӣ барои иҷора;
  • Гузаронидани ҳавлиҳо ва ҳуҷраҳо аз фонди истиқоматӣ ба фонди ғайриистиқоматӣ;
  • Дастрас намудани иҷозатнома барои сохтмон ва гузаронидани корҳои таъмирӣ-сохтмонӣ ва васлкунӣ;
  • Бақайдгирии шартномаҳо оиди иҷораи амволи ғайриманқул;
  • Мусоидат ба шаҳрвандони ҶТ дар гирифтани иҷозатномаи ВКХ барои пешниҳоди мулки амволи ғайриманқул ба намояндагии дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.

Телефон барои тамос: (тел.: 224 50 91)

Шўъбаи хизматрасонӣ:

  • Бақайдгирии намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва фирмаҳои хориҷӣ дар алоқамандии сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Мусоидат дар гирифтани иҷозатномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтани штамп ва мӯҳр;
  • Мусоидат дар ҳалли суолҳои оид ба андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гирифтани имтиёзҳои мавҷудбуда барои намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои ба онҳо ҳамрадиф, ки дар ВКХ Тоҷикистон қайд шудаанд;
  • Мусоидат ба намояндаҳои хориҷӣ дар гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
  • Мусоидат ба намояндагиҳои хориҷӣ дар кушодани суратҳисобҳои бонкӣ;
  • Пешниҳоди хизматрасонии брокерӣ, гумрукӣ ба намояндагиҳои хориҷӣ барои расман эълон кардани молҳои гуногун;
  • Ташкилоти амбори гумрукӣ ва хизматрасонии нигоҳдории бор дар анборҳои гумрукӣ;
  • Маслиҳат оиди барасмиятдарории молҳои гумрукӣ ва бақайдгирии онҳо;
  • Ташкилоти қабул ва гусел тариқи толори «VIP» – и фурӯдгоҳ ва вокзалҳои қатораҳои Тоҷикистон.

Телефон барои тамос: (тел.: 224 54 72)