Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ «Тоҷикдипсервис»

Корхона дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии сиёсати давлат, беҳбудӣ бахшидан ба шароити буду боши намояндагиҳои хориҷии дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри иҷрои маҷмӯи пурраи хизматрасонӣ таъсис дода шудааст.