20 августи соли 2021 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ Ҳамоиши ҷавонони Вазорат ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, дипломатҳои […]
Рубрика: Хабарҳо
Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия
18 августи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу бо ташаббуси ҷониби Туркия гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Вазирон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ […]
Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS)
17 августи 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) Ералан Байдаулетро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва IOFS-ро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла рушди соҳаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ ва озуқаворӣ, инчунин вазъи ҷаҳон дар шароити ҳамагирии COVID-19 ва таъсири он ба амнияти озуқаворӣ […]
Вохӯрӣ бо роҳбари Намояндагии Барномаи Ҷаҳонии Озуқавории Созмони Милали Муттаҳид
11 августи соли 2021 вохӯрии Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо роҳбари Намояндагии Барномаи Ҷаҳонии Озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Адҳам Мусаллом баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.
Вохӯрӣ бо Сафири Туркманистон
11 августи соли 2021 вохӯрии Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳемра Тогалаков баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бинои Сафорати Туркманистон дар ш. Душанбе баррасӣ ва аз шаҳраки дипломатии пойтахт дидан намуданд.
Мулоқот бо намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин
8 августи 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаи Афғонистон Юе Сяоюнро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, инчунин вазъи амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Баҳрайн
27 июли 2021 нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн доктор шайх Абдуллоҳ бин Аҳмад Оли Халифа роҳбарӣ намуданд. Дар машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши […]
Сафари Директори генералӣ ва Сафири Туркия ба ноҳияи Ёвон
16 июли соли 2021 дар арафаи Иди Қурбон бо дастгириву кумаки бевоситаи Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси КВД “Точикдипсервис” ба 58 оилаи деҳаи Санҷитаки, Ҷамоати деҳоти Обшорони, ноҳияи Ёвони, вилояти Хатлон, ки бар асари омадани сел осебдида буданд, кумаки хайрияви расонида шуд. Маҳсулоти сохтмони тавассути 14 наклиёти боркаш интиқол дода шуда, дар […]
Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон
8 июли соли 2021 зимни сафари гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Душанбе бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои марбут ба сохтмони бинои Сафорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории Директори генералии КВД «Тоҷикдипсервис» бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Тажибаев Аскар Ерликович баргузор гардид.
Вохӯрии Сафир бо Раиси вилояти Искандарияи Миср
28 июни 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Раиси вилояти Искандарияи Миср Муҳаммад Аш-Шариф мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ба хусус бо вилоят ва шаҳри Искандария, баррасӣ шуд. Аз ҷумла пешниҳод дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дӯстӣ ва бародаршаҳрӣ миёни яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон […]