19 майи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, музокирот намуд. Вазирони корҳои хориҷӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра, инчунин ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба баррасӣ […]
Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Украина
17 майи 2021 даври дувуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содик Имомӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин роҳбарӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба […]
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Покистон
5 майи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Ҳайдар мулоқот намуд. Дар суҳбат масъалаҳои робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба аҳаммияти тавсеаи робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, илму техника, фарҳангу сайёҳӣ ва саноату энергетика таъкид карданд.
Вохӯрии Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Туркия
4 апрели 2021 дар Душанбе мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Закӣ Карагёл баргузор гардид. Дар он мулоқот ба Сафири Туркия дар бораи ҳодисаҳои ахир ва вазъи кунунӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон маълумот дода шуд. Дар ин росто таъкид […]
Вохӯрӣ бо Сафири Туркия
27 апрели соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмре Зекӣ Карагёл баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба ва маҷмуи хизматрасониҳои Корхона ибрози назар намуданд.
Вохӯрӣ бо Сафири Чин
21 апрели 2021 дар Душанбе мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин баргузор шуд. Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, пиромуни раванди тадорукот ба иҷлоси ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки карор аст дар Душанбе […]
Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Шветсия – Раиси амалкунандаи САҲА
15 апрели соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия – Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби […]
Мулоқоти Сафир бо иҷрокунандаи вазифаи Муовини аввали cарвазир, Вазири тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия
12 апрели 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Муовини аввали сарвазир, Вазири тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия Муҳаммад Азмин Алӣ дар дафтари Сарвазири Малайзия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳо ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзияро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва илму техника ҷиҳати афзоиши ҳаҷми савдо байни […]
Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 апрели соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мишел Тарран баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба ва маҷмуи хизматрасониҳои корхона ибрози назар намуданд.
Вохӯрӣ бо Сафири Давлати Фаластин
7 апрели соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Луай Исо баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар намуданд.