12 феврали 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Ташкилоти Кӯмаки Мардуми Норвегия дар Тоҷикистон Мелисса Андерсон баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои фаъолият ва маҷмӯи хизматрасониҳои Корхона табодули андеша намуданд.
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” бо Роҳбари Агентии Туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон
12 феврали 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Агентии Туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон Иброҳим Эрбир баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои фаъолият ва имкониятҳои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои муштарак байни Корхона ва Агентӣ табодули назар намуданд.
Вохӯрӣ бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
12 феврали 2021 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэрилин Йосефсонро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.
Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи миллии Киев
10 феврали 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлатали Назризода бо Ректори Донишгоҳи миллии Киев ба номи Т.Шевченко Леонид Губерский баргузор гардид. Дар суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи илму маориф ва шароитҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, тақвияти ҳамкории байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мусоҳибон дар масъалаи иҷрои […]
Вохӯрии Сафир бо Вазири кишоварзии Озарбойҷон
9 феврали 2021 дар Боку вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Инъом Каримов баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, нақлиёту транзит, кишоварзӣ, гидроэнергетика, металлургия, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва маориф баррасӣ шуданд.
Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.В. Лавров
9 феврали соли 2021 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.В.Лавров сурат гирифт. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум атрофи масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Таъкид гардид, ки 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории […]
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” бо Роҳбари Намоядагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон
9 феврали 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Намоядагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоқикистон Олег Гучгелдиев баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои фаъолият ва ҳамкории Корхона ва Намояндагӣ табодули назар намуданд.
Мулоқот бо Мудири Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ
3 феврали 2021 дар Тошканд мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Имомӣ бо Мудири Пажӯҳишгоҳи байлналмилалии Осиё Марказии Ӯзбекистон А. Носиров сурат гирифт. Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ табодули афкор намуданд.
Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон
3 феврали 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои АРБИМА ва дигар абзорҳои иртиботӣ табодули афкор намуданд. Идомаи […]
Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Ордени Малта
2 феврали соли 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Ордени Малта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иван Лаланнро қабул намуд. Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома ҷонибҳо перомуни муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд. Муовини вазири корҳои хориҷӣ Сафири Ордени Малтаро ба муносибати ба ин […]