КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Боздиди намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвар аз осорхонаи “Пешвои миллат”

 

Дар арафаи ҷашнгирии сисолагии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи КВД “Тоҷикдипсервис” барои намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвар боздид аз осорхонаи Пешвои миллат ташкил карда шуд. Зимни боздид сафирони муқими кишвар тасаввуроти хешро аз ташаккулёбии давлатдории тоҷикон дар даврони истиқлолият, таъриху тамаддун ва фарханги миллати тоҷик ғанӣ намуда, таассуроти худро баён кардаанд.

 
 

Вохӯрӣ бо Роҳбари Дафтари барномаи САҲА дар Душанбе

 

27 майи соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Дафтари барномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе – Валериу Кивер баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар намуданд.

 
 

Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун

 

26 майи 2021 нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро муовини сардори Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Муҳаммадӣ  ва  Сардори Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Урдун доктор Молик ат-Тавол роҳбарӣ намуданд. Дар […]

 
 

Вохӯрӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

 

25 майи 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ  дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ  Ид Ас-Сақафӣ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба даври якуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, ки баргузории он 26 майи соли ҷорӣ дар шакли маҷозӣ дар […]

 
 

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Душанбе

 

19 майи 2021 дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин барпо шуд, Вазири корҳои хориҷии Арманистон А.Айвазян, Вазири корҳои хориҷии Беларус В.Макей, Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон М.Тлеубердӣ, Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Р.Казакбаев, Вазири корҳои хориҷии Русия […]

 
 

Музокироти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Русия

 

19 майи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, музокирот намуд. Вазирони корҳои хориҷӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра, инчунин ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба баррасӣ […]

 
 

Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Украина

 

17 майи 2021 даври дувуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содик Имомӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин роҳбарӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба […]

 
 

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Покистон

 

5 майи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Ҳайдар мулоқот намуд. Дар суҳбат масъалаҳои робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба аҳаммияти тавсеаи робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, илму техника, фарҳангу сайёҳӣ ва саноату энергетика таъкид карданд.

 
 

Вохӯрии Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Туркия

 

4 апрели 2021 дар Душанбе мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Закӣ Карагёл баргузор гардид. Дар он мулоқот ба Сафири Туркия дар бораи ҳодисаҳои ахир ва вазъи кунунӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон маълумот дода шуд. Дар ин росто таъкид […]

 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Туркия

 

27 апрели соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмре Зекӣ Карагёл баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба ва маҷмуи хизматрасониҳои Корхона ибрози назар намуданд.