КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон

 

17 феврали соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” –  Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон – Гасан Дилсуз оглу Мамедзаде баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои ҷорӣ табодули назар намуданд.

 
 

Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” бо иҷрокунандаи вазифаи Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон

 

16 феврали 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” Хайруллоев Абдулло бо и. в. Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон – Марико Кавабата баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба хизматрасониҳои Корхона, масъалаҳои ҷорӣ ва имкониятҳои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои муштарак байни Корхона ва Барнома табодули назар намуданд.

 
 

Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Гурҷистон

 

15 феврали 2021 якумин ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар шакли маҷозӣ баргузор гардиданд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Александр Хвтисиашвилӣ роҳбарӣ намуданд. Роҳбарони ҳайатҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, […]

 
 

Мулоқот бо Вазири муҳити зист, об ва кишоварзӣ

 

15 феврали 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фадлӣ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба бахши агросаноатии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Дар ин замина, роҳандозии ҳамкории […]

 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Муғулистон

 

15 феврали 2021 дар Душанбе мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Муғулистон дар Тоҷикистон Лувсан Баттулга (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) баргузор шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва гидроэнергетика, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ […]

 
 

Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” бо Роҳбари Филиали Ташкилоти Кӯмаки Мардуми Норвегия дар Тоҷикистон

 

12 феврали 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Ташкилоти Кӯмаки Мардуми Норвегия дар Тоҷикистон  Мелисса Андерсон баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои фаъолият ва маҷмӯи хизматрасониҳои Корхона табодули андеша намуданд.

 
 

Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” бо Роҳбари Агентии Туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон

 

12 феврали 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Агентии Туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон Иброҳим Эрбир баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои фаъолият ва имкониятҳои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои муштарак байни Корхона ва Агентӣ табодули назар намуданд.

 
 

Вохӯрӣ бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

 

12 феврали 2021 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэрилин Йосефсонро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.

 
 

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи миллии Киев

 

10 феврали 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлатали Назризода бо Ректори Донишгоҳи миллии Киев ба номи Т.Шевченко Леонид Губерский баргузор гардид. Дар суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи илму маориф ва шароитҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, тақвияти ҳамкории байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мусоҳибон дар масъалаи иҷрои […]

 
 

Вохӯрии Сафир бо Вазири кишоварзии Озарбойҷон

 

9 феврали 2021 дар Боку вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Инъом Каримов баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, нақлиёту транзит, кишоварзӣ, гидроэнергетика, металлургия, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва маориф баррасӣ шуданд.