28 феврали 2022 мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ дар қолаби мазкур баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба мавзӯи амнияти минтақавӣ […]
Рубрика: Хабарҳо
Номнависии ширкаткунандагон дар Конфронси дуюми Душанбе
Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо […]
Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо муовинони Раиси Шӯрои Федератсия
21 феврали соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовинони Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Константин Косачев ва Николай Журавлёв баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти муносибатҳои байнипарламентиро, ки тибқи анъана дӯстона буда, дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар густариш меёбанд, қайд карданд. Тарафҳо доираи […]
Намунаҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои хариди ҳуҷраҳо аз бинои истиқоматии Вазорати корҳои хориҷӣ
Ба тавуҷҷуҳи кормандони низоми хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаҳои шартнома, ариза ва реквизитҳои бонкӣ барои пардохти маблағи хариди ҳуҷраҳо аз бинои истиқоматии Вазорат пешниҳод мегардад. http://tds.tj/wp-content/uploads/Тарҳи-ошиёнаи-намунавӣ.pdf http://tds.tj/wp-content/uploads/Аризаи-хариди-ҳуҷра-1.docx http://tds.tj/wp-content/uploads/Нишондодҳои-бонкӣ-бо-сомонӣ-иловаги.pdf
Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Туркия
14 феврали соли 2022 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёлро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карданд. Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии худро барои густаришу таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст […]
Муовини вазир нусхаи эътимодномаи Сафири Подшоҳии Белгияро пазируфт
7 феврали 2022 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон) Анри Вантигемро қабул кард. Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Белгия ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд. […]
Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Корея
1 феврали соли 2022 вохӯрии Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон –ҷаноби Квон Донг Сок баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба дуранамои ҳамкориҳои дуҷониба ва маҷмуи хизматрасониҳои Корхона ибрози назар намуданд.
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
26 январи соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Валериу Киверро бино ба анҷом ёфтани фаъолият дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ […]
Культурная дипломатия
Культурная дипломатия играет важную роль в продвижении национальных интересов, способствуя процессу межкультурного диалога. В рамках реализации политики государства, по развитию международного культурного сотрудничества и обеспечению надлежащих условий пребывания дипломатических представительств в Республике Таджикистан, между Государственным унитарным Предприятием «Таджикдипсервис» и Таджикским государственным академическим театром оперы и балета им. С. Айни подписано соглашение о взаимодействии. Фокус сотрудничества направлен […]
Эълон: оид ба гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби ширкати лоиҳакашӣ
КВД “Тоҷикдипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои лоиҳакашии таҷрибадорро ҷиҳати иштирок дар озмун бо амалисозии мақсади таҳияи лоиҳаи кории бинои чордаҳошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт даъват менамояд. Ширкати лоиҳакашӣ мутобиқи методи “”Интихоб аз рӯи сифат ва арзиш” интихоб карда мешавад. Аз санаи 24 январ то 26 январи […]