30 июли 2020 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани таҷҳизоти электронии аудио ва видеоӣ ба Вазорати маориф ва илм ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) ва Бунёди Миск ҷиҳати дастгирии соҳаи маорифи кишвар ва таҳкими иқтидори он дар партави […]
Дидори Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Фаластин
30 июли 2020 мулоқоти Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаиТоҷикистону Фаластин дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла заминаи қарордодӣ ва ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ
29 июли 2020 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил ал-Ҷубайр баргузор гардид. Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. […]
Мулоқотҳои Сафири Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Кувайт
27 июли 2020 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Ёвари вазири корҳои хориҷии он кишвар дар масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Сайид баргузор гардид. Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуда, перомуни вазъи минтақа ва пешгирии пароканиши […]
Суханронии Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти матбуотӣ
СУХАНРОНИИ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ДАР НИШАСТИ МАТБУОТӢ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар шаш моҳи аввали соли 2020 (Душанбе, 27 июли 2020) Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Ҳозирини гиромӣ, Фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи якуми соли 2020 дар асоси талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои […]
Дувумин мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат»
23 июли 2020 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи якуми Дувумин мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров иштирок ва суханронӣ намуданд. Муовини якуми вазири корҳои […]
Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Мудири CARICC
18 июли 2020 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода бо Мудири Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои Осиёи Марказӣ оид ба гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, маводди равонгардон ва пешсозҳои он (CARICC) Рустам Мирализода, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, мулоқот кард. Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории тарафайн дар соҳаи мубориза […]
Сафари сайёҳии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ба мавзеи “Саратоғ”-и ноҳияи Айнӣ
Санаи 3 июли соли 2020, КВД “Тоҷикдипсервис” бо иқдоми ширкати сайёҳии «Скай-тур» дар якҷоягӣ бо Шуъбаи милитсияи сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари сайёҳии роҳбарони намояндагиҳои дипломатиро ба мавзеи «Саратоғи»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ аз шаҳраки сайёҳии «Camping village» доир намуд. Дар рафти сафар меҳмонон аз мавзеи Саратоғ дидан намуда, ба сатҳи […]
Сафари сайёҳии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ба “Сафед – Дара”
16 феврали соли 2020 ҷиҳати шиносоӣ аз мавзеъҳои тамошобоби кишвар, сафари сайёҳии навбатии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, аз ҷумла, сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ҷумҳуриҳои Фаронса, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Туркия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федеративии Олмон, Давлати Қатар, Федератсияи Россия, Ҷопон, Туркманистон, Украина, ҷумҳуриҳои Исломии Эрон ва Покистон, Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея, […]
Таассуроти сафирони навтаъйин аз тамошои Душанбе
Бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ КВД “Тоҷикдипсервис” бо ташаббуси навбатии худ 30-юми ноябри соли 2019 барои сафирони тозатаъйиншудаи муқими Тоҷикистон сафари сайёҳӣ дар дохили шаҳри Душанбе баргузор намуд.