КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Эълон: оид ба гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби ширкати сохтмонӣ

 

КВД “Тоҷикдипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои сохтмонии таҷрибадорро ҷиҳати иштирок дар озмун бо амалисозии мақсади сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт даъват менамояд. Ширкати сохтмонӣ мутобиқи методи “”Интихоб аз рӯи сифат ва арзиш” интихоб карда мешавад. Аз санаи 25 март то 2 апрели соли 2021 […]

 
 

Қабули нусхаи эътимодномаи Сафири Туркия

 

17 марти 2021 дар Душанбе Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Туркия Эмре Зекӣ Карагёл нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карданд.    Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Туркия дар […]

 
 

Ҷаласаи навбатии ШҲМ СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон

 

Аз 10 то 13 марти 2021 дар Тошканд дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд. Рӯзномаи ҷаласаи ШҲМ СҲШ тахминан 50 масъалаи марбут ба фаъолияти ҷории Созмонро дар бар гирифт. Ҳайатҳо рафти омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои […]

 
 

Вохӯрӣ бо Роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон

 

12 марти соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон – Ана Лукатела баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои ҷориро муҳокима намуданд.

 
 

Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Япония

 

11 марти 2021 даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония  оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Токуда Шуичӣ роҳбарӣ карданд. Дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкории […]

 
 

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия

 

9 марти 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робита бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Калашников баргузор шуд. Дар мулоқот масъалаҳои таҳким ва тавсеаи робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Русия ва масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи асосии ду тараф […]

 
 

Вохӯрӣ бо гурӯҳи кории Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 

4 марти соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии Сардори Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Каюмов Абдурахим Рашидович баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди […]

 
 

Машварати гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намояндаҳои Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

4 марти соли 2021 зимни сафари гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои марбут ба сохтмони бинои намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ бо намояндаҳои Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Украина

 

3 марти соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Украина – Василий Серватюк баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои ҷорӣ табодули назар намуданд.

 
 

Вохӯрӣ бо Мушовири Сафорати Ҷопон

 

2 марти соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Мушовири Сафорати Ҷопон – Томонорӣ Хасегава баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои ҷорӣ табодули назар намуданд.