КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 
1970

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия

 

9 марти 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робита бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Калашников баргузор шуд. Дар мулоқот масъалаҳои таҳким ва тавсеаи робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Русия ва масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи асосии ду тараф […]

 
 

Вохӯрӣ бо гурӯҳи кории Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 

4 марти соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии Сардори Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Каюмов Абдурахим Рашидович баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди […]

 
 

Машварати гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намояндаҳои Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

4 марти соли 2021 зимни сафари гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои марбут ба сохтмони бинои намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ бо намояндаҳои Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Украина

 

3 марти соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Украина – Василий Серватюк баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои ҷорӣ табодули назар намуданд.

 
 

Вохӯрӣ бо Мушовири Сафорати Ҷопон

 

2 марти соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Мушовири Сафорати Ҷопон – Томонорӣ Хасегава баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои ҷорӣ табодули назар намуданд.

 
 

Мулоқоти Сафир дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон

 

1 марти 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Михаел Зиберт мулоқот кард. Дар вохӯрӣ пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак дар пасманзари ҳамагирии Covid-19 мубодилаи афкор сурат гирифт.

 
 

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Афғонистон

 

1 марти 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Нобро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва раванди тадорукот ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро ҷиҳати иштирок дар Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии […]

 
 

Мулоқоти муовинони якуми вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон

 

26 феврали 2021 мулоқоти маҷозии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев баргузор гардид.  Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуда, роҷеъ ба мушорикати ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ […]

 
 

Ҷаласаи сафирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Кобул

 

25 феврали 2021 дар Кобул бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Исломии Афғонистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ҷаласаи сафирони кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор гардид. Муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб зимни қадрдонӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳамраисии раванди мазкур ва кумаку дастгири ҳамешагии Афғонистон, хоҳони он шуд, ки […]

 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Фаластин

 

25 феврали соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 
 
sada